Тақозои ҲНИТ аз Бег Зуҳуров
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи кишвар талаб кардааст, масдудияти торнамои ин ҳизб - nahzat.tj-ро расман шарҳ диҳад.
Дар муроҷиатномаи ҲНИТ, ки субҳи имрӯз, 8-уми май, нашр гардид, Сайдумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ аз Бег Зуҳуров талаб намудааст, ки сабаби дастнорас будани сомонаи ҲНИТ-ро тибқи қонуни матбуот, дар муддати се рӯз, муайян намуда, ба роҳбарияти ҳизб посухи расмӣ диҳад.
Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ соати 17:30 дақиқа дастрасӣ ба сомонаи nahzat.tj, nahzat.net вa nahzat.org тариқи ширкатҳои муҳайёкунандаи интернет дар ҳудуди Тоҷикистон мутаваққиф гашт ва то ҳол барқарор нашудааст.