“Афзоиши мошинҳо сониҳаҳои маргборро зиёд кардааст”
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ҳамасола дар сониҳаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон як миллиону 240 ҳазор нафар мефавтанд, ки 22% ё зиёда аз 270 ҳазорашон пиёдагардон мебошанд.
Ин нукта дар иттилоияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки бахшида ба ҳафтаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо нашр шудааст, таъкид мешавад. Ҳафтаи бехатарӣ дар тамоми ҷаҳон аз 6 то 12-уми май таҷлил мегардад.
Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ лидерони давлатҳоро даъват намуд, то ин ки чораҳои бехатарии пиёдагардонро пурзӯр намоянд: «Ҳар ҳафтае дар роҳҳои тамоми ҷаҳон зиёда аз 5 ҳазор пиёдагард вафот мекунад. Ин бо он сабаб аст, ки дар зарфи даҳсолаҳо талаботҳои онҳо ба инобат гирифта нашудаанд.»
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ махсусан таъкид мекунад, ки бештар сониҳаҳои маргбор дар кишварҳои даромадашон кам ё миёна сурат мегиранд, ки теъдоди мошинҳо дар он ҷо майли афзоиш доранд.