Бо дахолати вазир корхонаи партовкашонӣ ба сокини Душанбе ҷубронпулӣ додааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи апрели соли равон тариқи телефони боварӣ сокинони кишвар ба вазир, Рамазон Раҳимов 74 арзу шикоят пешниҳод кардаанд.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД аз ҷумла, тариқи телефони боварӣ шаҳрванд Сулаймон Абдураҳмонов нисбати ваколатдори калони оперативии Шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД дар шаҳри Душанбе капитани милитсия Мансур Холмуродов шикоят кардааст. Манбаъ мегӯяд, бо супориши Рамазон Раҳимов шикояти шаҳрванд мавриди санҷишӣ воқеъбинона қарор гирифта ва дар натиҷа капитани милитсия Холмуродов Мансур Гулмуродович барои содир намудани амале, ки ба шаъни корманди мақомоти корҳои дохилӣ доғ меорад, аз мақомоти корҳои дохилӣ «озод» гардидааст.
Инчунин ба иттилои ВКД аз ҷониби Назаров Орзу шикоят ворид шудааст, ки Тоҳиров Пирмурод ронандаи трактори Муассисаи партовкашонии ноҳияи И.Сомонӣ ҳангоми кор ба манзили истиқоматии ӯ зарари моддӣ расондааст. Баъд аз санҷиши аризаи ӯ исбот гардидааст, ки шикояташ дуруст аст ва баъд аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ муассисаи мазкур ҷуброни зарари расондаро ба Назаров пардохт намудааст.