Ёдбуди Лидуш Ҳабиб дар Хоруғ (ВИДЕО)
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хоруғ, 50-умин солгарди рӯзи мавлуди шоир ва сарояндаи машҳури Бадахшон, Лидуш Ҳабиб баргузор гардид, ки дӯстон ва ҳаводорони ӯро гирди ҳам овардааст.
Шоир Лидуш Ҳабиб, ки номи аслиаш Алидоншо Шораҳматуллоев мебошад, 2-юми майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст ва аз овони донишҷӯияш бо хониши шеърҳояш тариқи гитара маъруф гардида ва дар берун аз вилоят низ ҳаводорони зиёдро пайдо кардааст. Ҳаводоронаш мегӯянд, гарчанде Лидуш Ҳабиб танҳо бо забони шуғнонӣ, яке аз забонҳои помирӣ суруд мехонд, барои донандагони забонҳои дигар низ дарки эҷодиёти ӯ мушкилие намеорад. Ӯ 22-юми июли соли 2002 аз олам гузаштааст.
Давлат Худоназаров, коргардони шинохтаи тоҷик ва коршиноси умури фарҳанг дар ёди Лидуш Ҳабиб мегӯяд, хизматаш барои зинда нигоҳ доштани забонҳои помирӣ аз ҷумла шуғнонӣ баробари хизмати Пушкину Есенин барои забони русӣ ва хидмати Лоиқ Шералӣ барои забони тоҷикист. Яке аз сурудҳои Лидуш Ҳабиб дар бораи маргу зиндагӣ