Баҳси вазири тоҷиктабор дар Додгоҳи Олии Қирғизистон
Додгоҳи Олии Қирғизистон, фардо, 8-уми май, парвандаи Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишварро баррасӣ мекунад.
Айнура Токтошева, котиби матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон, ба бахши русии “Озодагон” гуфт, фардо 8-уми май соати 9:00 мурофиаи додгоҳии Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоии ин кишвар дар бинои худи ин додгоҳ баргузор мешавад.
Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардида буд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта буд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.