Рашт: «Нива-Шевролет» ронандаашро пахш кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6-уми май як сокини 68-соли ноҳияи Рашт зери чархи мошинаш монда, ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои ин ниҳод шаҳрванд Абдулҳаев Сайминоҷиддин соли таваллудаш 1945, сокини деҳаи Кулобаи ноҳияи Рашт, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Нива-Шевролет»-ро дар нишебии роҳ, дар мавзеи кӯҳсори Сари мазори деҳаи Кулоба гузошта, аз автомашина фаромадааст, ки автомашина худ аз худ ба ҳаракат даромадааст. Абдулҳаев Сайминоҷиддин хостааст, ки воситаи нақлиётро бо қувваи ҷисмонии худ манъ намояд, вале дар натиҷа дар зери чархи пеши автомашина монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, ки боз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ба вуқӯъ омадааст: “Рӯзи 05.05.с.2013 тахминан соати 18:40-дақиқа ноболиғ Шерова Меҳрона Рӯзибоевна соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Обшорони ноҳияи А.Ҷомӣ, аз беэҳтиётии волидайнаш ба ҷуйбори калони назди хонаашон афтида, ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 06.05.с.2013, тахминан соати 06:45-дакиқа ҷасади ноболиғ Шерова М.Р. дарёфт карда шуд.”