Ҳукумати Душанбе изҳороти Раҳмонқуловро “буҳтон” номид
Ҳукумати шаҳри Душанбе изҳороти котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Алиризо Раҳмонқуловро дар мавриди коҳиши хайрхоҳӣ ба собиқадорон комилан буҳтон гуфт.
Санавбар Раҳимова, муовини раиси шаҳри Душанбе бо ирсоли як нома ба унвонии хабаргузории “Озодагон” навиштааст, “шурӯъ аз соли 1997 то ба имрӯз иловапулӣ ба андозаи 300 сомонӣ ба нафақаи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва оилаҳои бесарубонмондаи қурбониёни ҶБВ ва дастгирии молиявии яквақтаина ба миқдори 1500 сомонӣ барои анҷоми маросими дафни онҳо, 100 сомонӣ ба шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, роҳандозӣ шудааст.”
Раҳимова илова кардааст, ки ба категорияҳои зикргардида ҳамасола дар арафаи идҳои Рӯзи Ғалаба 9-май ва Истиқлолияти давлатӣ кӯмакҳои молиявии якдафъаина таври ҳатмӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ расонида мешавад, ки ин навбат мутаносибан ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 700 сомонӣ ва ба дигарон 500 сомонӣ дастрас карда шуд.
Муовини раиси Душанбе таъкид кардааст, ки ҳар кадом маъюб ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад зери таваҷчуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад: "Ба онҳо духтурони алоҳида аз ҳисоби Раёсати тандурустии шаҳр ва субъектҳои соҳибкории махсус ҷиҳати дастгирии иҷтимоӣ бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе вобаста карда шудаанд. Дар иртибот ба ин шаҳрдорӣ нисбати андешаҳои котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе – А. Раҳмонқулов мувофиқ буда наметавонад."
Қаблан Алиризо Раҳмонқулов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар аксар баромаду пайёмҳояш даъват мекунад, ки ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмак расонед, аммо теъдоди хайрхоҳон ва корҳои хайр дар ҳаққи ветеранҳо рӯй ба коҳиш ниҳодааст.”