“Ватан” даҳсола шуд
Имрӯз, 7-уми май, аз таъсиси аввалин радиои хусусии шабонарӯзии Тоҷикистон 10 сол пур мешавад.
Радиои «Ватан» фаъолияти худро расман 7-уми майи соли 2003 оғоз кард. Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои «Ватан» ба «Озодагон» гуфт, бахшида ба ин сана баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар назар аст.
«Мо озмуни билярд миёни кормандони ВАО-ро ҷамъбаст кардем, дар эфири радио чанд рӯз аст, ки барои шунавандаҳои фаъол озмуну викторинаҳо гузаронда мешавад. Дар кӯчаҳои Душанбе аксияву викторинаҳо доир кардем, аммо муҳимтарин қисмат баргузории як шоу-барнома дар боғи «Пойтахт» аст. Ин чорабинӣ, ки бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе баргузор мешавад, 11-уми май, соати 15:00 шурӯъ хоҳад шуд. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе аз ин пеш доир нагардида буд. Дар он озмунҳои мухталиф ва ҳунарнамоии ситораҳои санъати Тоҷикистон дар назар аст»,-афзуд ӯ.
Ширкати телевизион ва радиои «Ватан» ягона радиои хусусӣ дар Тоҷикистон буд, ки ба таври шабонарӯзӣ ба фаъолият оғоз кард. Барномаҳои ин радио ҳамарӯза то соати 18:00 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мустақим пешниҳод мешаванд. Дар оғози фаъолият ҳар ним соат бо забонҳои тоҷикӣ ва руси бахши хабарӣ дошт, аммо ҳоло танҳо дар оғози ҳар соат бахши иттилоотӣ садо медиҳад.
Радиои “Ватан” давоми 10 сол лоиҳаҳои мухталиферо роҳандозӣ кард, ки аз сӯи шунавандаҳо истиқболи гарм ёфт. Лоиҳаи “Идораи беҳтарини сол” яке аз тарҳҳои бузургҳаҷм ва муваффақи ин радио гуфта мешавад. “Лоиҳа дар шакли озмун миёни тамоми коргоҳу муассисот ва ташкилот баргузор гашт. Намунаи беҳтарин идора ё “офисҳо” дар ин лоиҳа муаррифӣ гаштанд. Мақсад нишон додани коргоҳҳое буд, ки дар он барои кормандонашон шароити хуби кориро фароҳам оварданад, замонавӣ ороиш ёфтаанд ва барои фаъолияти ҳаррӯза мувофиқ ҳастанд”,-мегӯяд Субҳон Ҷалилов.
Аммо лоиҳаи «Ситораҳои асри нав» аз хотирмонтарин тарҳҳои “Ватан” буд. Ҳадафи аслии лоиҳа пайдо кардани истеъдодҳои ҷавоне буд, ки қобилияти овозхонӣ ва ҳунари хуби сарояндагӣ доштанд. Директори барномаҳои радиои “Ватан” мегӯяд, “мо бо ҳузури ҳайати ҳакамон аз ҳисоби ходимони санъату ҳунар тавонистем, аз миёни теъдоди зиёди иштирокдорон 16 нафари беҳтаринро интихоб кунем. Таҳмина Ниёзова, Зайнура Пулодова, Абдукарим Машрабов, Баҳодури Рафӣ, Муҳаммадҷон Неъматов, Фарид Муҳаммадзоир бори аввал ба мардум ба воситаи ҳамин озмуни мо муарифӣ шудаанд, ки ҳоло миёни мардум шинохта ҳастанд”.
Лоиҳаи дигари радио “ТОП-50”. 50 нафари хушсалиқаи Душанбе” мебошад. Вера Кулакова-Браннеруд раҳбари кулли радио ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи мазкур соли дуюм аст, ки бо мақсади муаррифии беҳтарин ва хушсалиқатарин мардуми пойтахт баргузор мешавад. “Дар ду сол мо 100 нафареро барои мардум муаррифӣ кардем, ки воқеан салиқа ва тарзи зиндагии намунавӣ доранд ва тавонистаанд, ки дар ҷомеа мавқеи устувореро касб кунанд, бо хаёлбофӣ ва услуби кору эҷод фарқкунанда хастанд. Соли 2011 маросими ҷамъбасти ин озмун дар меҳмонхонаи Серена Душанбе баргузор шуд. Соли 2012 бошад, мо ҷамъбасти ин озмунро дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Ҳайят реҷенси Душанбе” баргузор кардем.
«Намоишгоҳ-фурӯши хайриявии молу маҳсулот» аз дигар лоиҳаҳои бузурги радиои «Ватан» мебошад. Шунавандаҳои радио молу маҳсулоти сифати хубдоштаи худро, ки дигар истифода намебаранд, ба радио оварда ва мо он бо нархҳои рамзии аз 3 то 20 сомонӣ дар доираи ин намоишгоҳ дар гулгашти назди театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба фурӯш гузошта шуд. “Иловатан чеҳраҳои шинохтаи кишвар ба ин намоишгоҳ тӯҳфа ва молу ашёи худро бо соядасташон фиристоданд, ки мо онро тариқи музояда ба фурӯш гузоштем. Маблағи ба дастомада барои харидани тӯҳфаҳои солинавӣ барои ятимону бепарасторон ва тарбиятгирандаҳои хонаҳои кӯдакони Душанбе ва шаҳри Турсунзода масраф шуд. Мо мақсад дорем, ки ҳамин гуна намоиш-фурӯши хайриявиро соле ду маротиба - тирамоҳ ва баҳор ташкил кунем”,-мегӯяд Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои “Ватан”.
Радиои «Ватан» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофии он рӯйи мавҷи кӯтоҳи 106 FM ва дар вилояти Хатлон рӯйи мавҷи 102,4 FM қобили шунидан аст.