Президент дар бораи гиёҳҳои шифобахш китоб ба нашр расонд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар бораи гиёҳҳои шифобахши кишвараш китоб навиштааст.
Расонаҳои туркманӣ менависанд, чанде қабл дар Остона, пойтахти Қазоқистон рӯнамоии китоби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, “Гиёҳҳои шифобахши Турманистон”, ки бо забони қазоқӣ нашр шудааст, баргузор гардид.
Ба гуфтаи Аваздур Ҳумедов, раиси бахши илмии маркази таҳқиқотии Вазорати тандурустии Туркманистон, китоби “Гиёҳҳои шифобахши Турманистон”, сарчашмаи асосии энсиклопедӣ дар мавриди гиёҳҳои шифобахши ин кишвар буда, барои ҳар як фарди ҷомеаи туркман новобаста аз синну солаш муҳим ва зарур мебошад.
“Дар ин китоб дар бораи тамоми намуди гиёҳҳо, ҷойи рӯйидани онҳо, кай бояд чида шаванд ва чигуна онҳоро бояд истифода кард, гуфта шудааст. Инчунин раисиҷумҳури кишвар дар бораи дастовардҳои Туркманистон дар соҳаи тиб баъд аз истиқлолияти худ дар ин китоб ҳарф задаст”,- афзудааст Ҳумедов.
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, Қурбонгуӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 10-уми май дар доираи як сафари расмӣ озими Остона шавад.