Федератсияи футболи Тоҷикистон легионери африқоиро муҷозот кард
Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Соломон Течӣ, ҳамлагари дастаи “Равшан”-и Кӯлобро, аз 3 бозии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кард.
Течӣ ба он муттаҳам мешавад, ки дар бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо дастаи “Энергетик”-и Душанбе ба пойи ҳарифаш зарба задааст.
Ҳамчунин Каюмарс Сулаймонов, сардовари бозии “Равшан” - “Энергетик” ва Кенҷа Ҳаитов, нозири бозиро низ барои рӯйпӯш кардани ҳодисаҳо ва рафтори норавои бозигарон аз ҳаққи нозирӣ дар 4 бозӣ маҳрум кардаанд.
Ба ёвари сардовар Холмурод Зардов барои беаҳамиятиаш огоҳӣ дода мешавад.