Раиси Роҳи оҳани Русия: Бо Тоҷикистон ҳамкориро вусъат медиҳем
Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия, мегӯяд, кишвараш барои густариши ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.
Ин нуктаро Якунин, бегоҳи 6-уми май, зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст.
Тавре Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва назди баҳри Балтика дар бахши нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ намудаанд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран мақомоти Русия алайҳи қаторҳои Тоҷикистон маъракаи густурда роҳандозӣ шудааст ва ҳатто роҳбарони баландпояи ин кишвар ба далели ҷавобгӯ набудани қаторҳои тоҷик ба талаботи санитарию техникӣ пешниҳод намуданд, ки вурудашон ба қаламрави Русия қатъ шавад.
Аммо кумисюни вижа ё махсуси Тоҷикистон баъд аз санҷиши қаторҳои Тоҷикистон изҳороти бархе аз мақомоти баландпояи Русияро бепоя хонд. Аъзои ин кумисюн аз 26-уми апрел то 5-уми май қаторҳои Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба самти Маскав мерафтанд, мавриди санҷиш қарор додаанд.
Роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муътақид аст, ки мақсад аз маърака алайҳи қаторҳои тоҷик ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон аст, чун Русия аллакай қисмати асосии бархе аз бозорҳои кишварҳои ИДМ-ро соҳиб шуда, мехоҳад, бозори Тоҷикистонро низ ба ихтиёри худ гирад. Роҳбарияти ин корхона ҳушдор медиҳад, ки дар сурате, агар Русия ба ҳадафҳояш ноил гардад, ҳудуди 500 роҳи оҳанчии тоҷик бекор хоҳанд монд.