НАТО аз Афғонистон берун мебарояду дар Тошканд ҷой мегирад
НАТО ё Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дафтари намояндагии низомӣ-сиёсии худро оид ба Осиёи Марказӣ дар Узбакистон ифтитоҳ мекунад.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, қарор аст, дафтари намояндагии низомӣ-сиёсии НАТО нозир ба минтақаи Осиёи Марказӣ 3-юми июни соли ҷорӣ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, фаъолияташро оғоз намояд.
Гуфта мешавад, дафтари намояндагии НАТО ба хотири тақвияти равобиту ҳамкориҳо бо ин созмони низомӣ ва дигар ҳампаймонони он дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ба ҷуз Узбакистон, дар кишварҳои дигари ин минтақа Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ фаъолияташро пеш хоҳад бурд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир равобити Тошканду Вашингтон хеле наздик шуда, сафари пайдарҳами мақомҳои баландпояи амрикоӣ низ ба Узбакистон аз он гувоҳӣ медиҳанд. Бархе аз коршиносон ифтитоҳи дафтари намояндагии НАТО-ро низ гоме дар ин росто арзёбӣ менамоянд.