Раҷаби Мирзо тасмими ниҳоияшро дар як нишасти хабарӣ эълон мекунад
Раҷаби Мирзо, раиси Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб”, тасмими ниҳоияшро дар робита ба баргузорӣ ва натиҷагирии интихоботи миёндаврӣ дар ноҳияи Восеъ дар як нишасти хабарӣ эълон хоҳад кард.
Ба ин ҳадаф, ӯ имрӯз, ҳафтуми май (соати 10-30), дар толори меҳмонхонаи “Asia Grand Hotel” дар Душанбе нишасти матбуотии баргузор мекунад.
Бояд гуфт, рӯзи 5-уми май дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъ интихоботи миёндаврӣ баргузор гардид, ки дар он се нафар барои дарёфти як курсӣ дар парлумон рақобат карданд. Дар натиҷа, ба гуфтаи масъулони Кумисюни маркзаии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров -- намояндаи Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ пирӯз омад.
Барои курсии холимондаи Рустам Латипов дар Маҷлиси Намояндагон Ибодулло Неъматов аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Раҷаби Мирзо аз роҳи худпешбарӣ низ рақобат доштанд.