Тоҷикистон ду соли дигар “вақт” дорад...
Ассосиатсияи истеҳсолкунандаҳо ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон ахиран маҷмӯаеро ба табъ расонд, ки «Телевизиони рақамӣ: 25 саволу ҷавоб» ном дорад.
Зинатулло Исмоилов, раҳбари ассосиатсияи мазкур ба «Озодагон» гуфт, ҳадаф аз нашри маҷмӯаи мазкур огоҳии ҳарчи бештари ҳам намояндагони мақоми танзимкунандаи соҳаи телевизион ва ҳам мардум аст.
«То соли 2015, ки Тоҷикистон бояд пурра ба пахши рақамӣ гузарад, камтар аз 2 соли дигар мондааст. Ин муддат тӯлонӣ нест, зеро барои гузаштан ба пахши рақамӣ корҳои зиёдеро бояд ҳам ҳукумат ва ҳам ташкилоти радиотелевизионӣ анҷом диҳанд. Баъд аз 17-уми июни соли 2015 агар давлати ҳамсоя дар сарҳади худ фиристандаи рақамӣ гузорад ва онро ба кор дарорад, аммо мо натавонем дар ин муддат таҷҳизоти рақамиро насб кунем, фиристандаи мо ё бояд хомӯш гардад ва ё иқтидори он паст карда шавад. Барои аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадӣ ин маънои онро дорад, ки шояд телевизор ба ҷиҳози зебои хона табдил ёбад»,-афзуд Зинатулло Исмоилов.
Дар маҷмӯа перомуни чӣ будани телевизиони рақамӣ ва тафовути он аз телевизиони аналогӣ, бартарии телевизиони рақамӣ, зарурати гузариш ба пахши рақамӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба он ба таври саволу ҷавоб пешниҳод шуда, Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ ва Консепсияи гузариш ба телевизиони рақамӣ замима шудааст.
Соли 2006 Тоҷикистон ҳам дар баробари 101 кишвари ҷаҳон зери муоҳадае имзо гузошт, уҳдадор шуд, то соли 2015 комилан ба пахши рақамӣ гузаранд. Пахши рақамӣ сифати олии қабули сигнали телевизионӣ, устувории баланд ба халалрасониҳои мавҷӣ, садои идеалӣ ва имконияти истифода аз теъдоди зиёди шабакаҳо мебошад.
Дар акс: Зиннатулло Исмоилов