Диски базми наврӯзиро маҷбурӣ ба донишҷӯён мефурӯшанд?
Субҳи 7-уми май бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо “Озодагон” тамос гирифта, аз он изҳори ташвиш карданд, ки масъулони донишгоҳ фиттаи навори ҷашни наврӯзии 2013-и донишгоҳро ба таври иҷборӣ дар бадали 4 сомонӣ ба онҳо мефурӯшанд. Онҳо мегӯянд, ҳамчунин муаллимон муваззаф шудаанд, ки аз ин дискҳо харидорӣ намоянд.
Ин гуруҳи донишҷӯён, ки ифшои ному насабашонро ба далели халал ворид нашудан дар таҳсилашон зарур надонистанд, гуфтанд, бо вуҷуди он ки ин диск барояшон мақбул аст, ё не, бояд харидорӣ кунанд. Чаро ки ба гуфтаи онҳо саркашиашон метавонад барои гирифтани санҷишу имтиҳонҳояшон дардисар эҷод кунад.
Ин дар ҳолест, ки маъмурияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври иҷборӣ фурухтани диски ҷашни наврӯзии донишгоҳро барои донишҷӯён беасос донист. Ҷамила Раҳмонова, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, шоеаҳо дар мавриди ба таври иҷборӣ фурӯхтани фитаҳои навори ҷашни наврӯзии 2013-и донишгоҳ ба донишҷӯён “дурӯғанд”.
Ба гуфтаи Раҳмонова, масъулони донишгоҳ ҳақ надоранд, кадом як ҷашни донишгоҳро дар диск сабт намуда, ба таври иҷборӣ ба донишҷӯён фурӯшанд. «Вале агар донишҷӯе бо хоҳиши худ аз бахши телевизиони донишгоҳ дархост намояд, ки ба ӯ навори ҷашни наврӯзиро дар фита сабт намуда, диҳанд, гапи дигар аст»,-гуфт ӯ.