Пирӯзии "Равшан"-у "Истиқлол" дар бозиҳои даври панҷум
Чор бозии бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе –4 ва 5—ум майи баргузор гардид.
Сабқати “Энергетик” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт баргузор гардида, бо ҳисоби 0:2 ба нафъи дастаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Бозиро Насрулло Кабиров аз Норак доварӣ мекард. Бозии “Парвоз”- “Вахш” дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт.
Ду бозии дигари ин давр рӯзи 5-уми май баргузор гардид. Дастаҳои ССКА “Помир” ва “Равшан” дар майдони КМВА-и Вазорати мудофаи ба сабқат баромаданд. Бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.
“Хуҷанд”—“Истаравшан” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба сабқат баромада соҳибони майдон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.
Бозии “Регар-ТадАЗ” ва “Панҷшер” имрӯз, 6-уми май, баргузор мегардад. Бозиро Парвиз Муртазоев аз Душанбе доварӣ мекунад ба ӯ Ҳамза Шоймардонов аз Хуросон ва Ҳасан Каримов аз Норак кумак мекунанд.
Довари эҳтиётӣ: Сайвали Турдиев (Қурғонтеппа)
Нозири бозӣ: Пулод Қодиров (Душанбе).