Вазир: Афроди алоҳида дар Рашт оромиро халалдор мекунанд
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта зимни боздид аз минтақаи Рашт изҳор доштааст, ки “ҳарчанд дар минтақа шахсони зиёди марбут ба гурӯҳҳои террерористӣ-экстремистӣ дастгир ва безарар гардонида шуда бошанд ҳам, баъзе шахсони алоҳидае ҳастанд, ки оромию осудагӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор менамоянд.”
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Раҳимов дар мулоқот бо кормандони умури дохилии Рашт таъкид кардааст, “вазифаи аввалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин пешгирии чунин амалҳо, муайян ва дастгир намудани ин шахсон мебошад.” Вазир гуфтааст,“дар минтақа то ҳанӯз дар мактабҳои ғайриқонунии динии давлатҳои хориҷӣ таҳсил намудани ҷавонон ҷой дорад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои ба Ватан баргардонидани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.”
Вазир аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи президентии моҳи ноябрро зикр карда, таъкид намудааст, ки дар сатҳи баланд гузаштани он аз зиракию ҳушёрии кормандони пулис вобаста аст. Раҳимов аз кормандони милиса талаб намудааст, бо аҳолӣ хушмуомила буда, мунтазам бо онҳо дар робита бошанд.