Озодагон: Дар бархе аз кишварҳои минтақа зимоми қудрат солҳои тӯлонӣ, яъне 20 солу 30 сол дар дасти як нафар мебошад. Вале агар ба Қирғизистон назар кунем, дар як давраи хеле кӯтоҳ чаҳор бор раҳбарияти давлат иваз шудааст. Аз нигоҳи Шумо, сабаб дар чист?
Отунбоева: “Сабабаш дар он аст, ки мо як мардуми пойбанд ба озодӣ ҳастем. Мардуме, ки аз ҳукумат талаб менамояд, то ба ваъдаҳои худ вафо кунад. Агар ҳукумат ваъдаҳои худро иҷро накард, ин мардум ба ҷои таҳаммул, зуд ба мухолифи он бармехезанд. Чи тавре дар соли 2005 ва 2010 алайҳи ғосибони қудрат бархеста буданд. Ҳар як раисиҷумҳур бояд бидонад, ки ӯ ивазшаванда аст, ингуна мафҳум (ивазнашаванда) дар сиёсат вуҷуд надорад. Раисиҷумҳур ҷуз як мақоми баландпоя каси дигаре нест. Он ҳам бошад, аз ҷониби мардум интихоб шудааст. Вақте мо Қонуни асосии кишварро менавиштем, як давраи 6-сола барои президентӣ пешбинӣ намудем. Зеро таҷриба нишон додааст, ки ин мақомро хеле дӯст медоранд ва намехоҳанд, давраҳои тӯлонӣ аз ин курсӣ фароянд ва мехоҳанд раҳбарӣ намоянду намоянд. Танҳо як раисиҷумҳур бошад, боке надорад. Вале тамоми як оила аз ин мансаб суистифода мекунад. Дар ҳамин ҳол, халқ бояд танҳо нишаста, фикр кунад, ки чанд ҳиссаи моликият ба кадоме аз хешовандонаш расидааст. Вале дар мо ин чизро мардум таҳаммул надорад. Чизе моликияти мардум асту онро онҳо интихоб кардаанд, бояд ба мардум хидмат кунад.”