Дахолати Расулзода ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд барои баррасии муноқишаи ахир миёни сокинони наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон бо Ҷениш Раззоқов, намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар вилояти Бодканд мулоқот кардааст.
Тавре аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ созишнома оид ба таъмини амнияти сокинони наздимарзиро ба имзо расонданд. Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ бархӯрдоранд ва ҳамаи масъалаҳои баҳсталаб танҳо дар заминаи қарордодҳои давлатии ба тасвибрасидаи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл карда мешаванд:«Моро лозим аст аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ намоем. Аз ин сабаб муноқишаи марзӣ мавзӯи асосии мулоқотҳои мо хоҳад буд».
Муноқиша миёни тоҷикону қирғизҳо 27-уми апрели соли ҷорӣ дар паи сохтмони роҳ дар минтақаи баҳсталаб аз ҷониби қирғизҳо дар ҷамоати Ворух рух дода буд. Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос.