Ҷараёни интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъро, ки рӯзи панҷуми май баргузор шуд, хабарнигорони "Озодагон" ҳам назорат карданд. Ҳумайрои Бахтиёр ва Нилуфари Карим мушоҳидаҳояшон аз ҷараёни интихоботро ин гуна тасвир кардаанд:
Ҳумайрои БАХТИЁР
Тибқи ҳисоби пешакӣ дар ҳавзаи 39-и ноҳияи Восеъ намояндаи ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо гирифтани 73 дарсад пирӯз гашта, намояндаи ҳизби ҳоким Ибодулло Неъматов 16 дарсад ва номзади худпешбар Раҷаби Мирзо 7 фоизи райъи мардуми Восеъро ба даст овардаанд. Мақомоти дахлдор бо эълони ширкати 81 дарсади аҳолии ноҳияи Восеъ интихоботро баргузор шуда эълон кард.
Райъдиҳии дубора ва бетаваҷҷӯҳии аъзои комисия
05-уми май, соати 05-50 дар ҳавзаи интихоботии №18-и деҳоти ба номи Ҳамид Баротов ҷамъе аз мардон мунтазири расман оғоз шудани маъракаи райъдиҳӣ буданд. Раиси ҳавзаи мазкур, ки ҳамзамон директори мактаби №13 буд, гуфт, ки ҳарчанд мардум субҳи зуд бояд ба саҳро бираванд, аммо ба хотири риоя гардидани меъёри интихобот, онҳо маъракаро бидуни нозирон оғоз накардем. Интихобот дар ҳавзаи мазкур соати расо 06-и субҳ расман оғоз гардид. Комиссияи мазкур ба кори худ шурӯъ карду, мардону заноне, ки мунтазири райъдиҳӣ буданд аз саҳни мактаб ба дохил ворид шуданд.
Тибқи мушоҳида ин ҳама ташвиши мардум дер давом накард. Билохира аз соатҳои 08 баъдтар ширкати мардум дар маъракаи райъдиҳӣ ба маротиб коҳиш ёфт. Аъзои комисия мегуфтанд, ки шояд мардум баъди корҳои саҳро овоздиҳӣ биёянд. Гуфтан ба маврид аст, ки ширкати мардумро бевосита ду нафар- нозири Раҷаби Мирзо ва як омӯзгор аз мактаби мазкур ба ҳисоб мегирифтанд. Дар соатҳои аввал ба қайдгирии мардум аз рӯйи ду ҳисоб ба ҳам мувофиқат мекард. Фазои райъдиҳӣ ҳам чандон бад набуд. Аммо тақрибан дар соатҳои 08-00 шоҳиди қонуншиканӣ, яъне овоздиҳии дубораи сокинон гардидем. Дар ҳолати аввал аъзои комисия ба хотири дарҷ накардани ин ҳодиса дар протокол бюлетени райъдиҳандаро аз эътибор соқит карданд. Аммо дар ҳолатҳои дуввум ва саввум ба хотири беаҳамиятии аъзои комисия ин ҳолатҳо дар протокол дарҷ гардид. Гуфта мешавад, ки аз санади мазкур аъзои комисия нороҳат гардида, бо исрори шоҳиди ҳодиса гардиданашон зери санад имзои худро гузоштанд.
Нигаронӣ аз ҳузури ками мардум барои овоздиҳӣ
Баъд аз ин ҳодиса аъзои комисия хоҳиши райъдиҳандаҳоро дар мавриди ба ҷойи хонавода овоз додан, рад мекарданд. Баъзе аз сокинон аз чунин қарори комисияи интихоботӣ изҳори норозигӣ карда, дар тааҷуб буданд, ки чаро ин навбат ба ҷойи 4-5 аъзои хонаводаашон овоз дода наметавонанд. Бояд гуфт, ки бо тартиб додани протокол он фазои ҳам “ором” нопадид гашт. Соатҳои 12-00 нобаробарӣ дар ширкати интихобкунандагон ошкор гардид. Рақамҳо атрофи 120 аз ҳамдигар фарқ доштанд. Аз ин ихтилофи рақам аъзои комисия низ изҳори нигаронӣ карда, аз ҳамкори худ дар тааҷуб монданд, ки чӣ гуна омори онҳо бо нозирони мустақил дар мавриди ширкати мардум то ба ин ҳад аз ҳам фарқ дорад. Аъзои комисия ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки сокинон тарзи дурусти райъдиҳиро надониста, бештари варақаҳои овоздиҳии худро аз эътибор соқит кардаанд. Дар ҳамин ҳол нозир аз тарафи ҳукумат ҷаноби Баротов аз ширкати ками мардум нигаронӣ карда гуфт, ки барои онҳо муҳим теъдоди мардум аст, на беэътибории варақаҳои райъдиҳӣ.
“Баъди чобуқ меоянд”-умедвории аъзои комиссия
Соатҳои 14-30 бинои мактаб хеле камодам буд. Дар чанд соати охир танҳо 6-7 нафар барои райъдиҳӣ меомаданд. Инҷо комисия тасмим гирифт, ки аз рӯйи имзоҳои гузошта шуда, теъдоди умумии райъдодаҳоро дақиқ намояд. Аз руйи ҳисоби имзоҳо то соати 14-50 627 нафар, аз руйи ҳисоби нозири мактаб -650 нафар аз аз рӯйи ҳисоби нозир 475 дар интихобот райъ доданд. Гуфта мешавад, ки ин нобаробарии овозҳо кулли комисия, ба хусус нозири мустақилро дар тааҷҷуб гузошт.
Бо вуҷуди нороҳатӣ намояндаи ҳукумат ба такрор мегуфт, ки дар интихобот бояд “явка 100 дарсад таъмин бошад, вагарна ман гап мешунавам”. Баъди ин суханҳо комисия ҳам кори худро суръат дод, онҳо аз ёру дӯстоне, ки ба овоздиҳӣ меомаданд, хоҳиш мекарданд, то онҳо ҳамсояҳои худро аз интихобот огоҳ кунанд. Узви комисия мегуфт, ки сабаби аслии ҳозир нашудани мардум ин сатҳи пасти иҷтимоиву кори саҳроии онҳо мебошад. Комисия ҳамзамон нигаронӣ аз он дошт, ки мардум кори рӯзмараи худро аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ болотар монда, ба тақдири худ беаҳамияти зоҳир мекунанд.
Мардумро ба интихобот чӣ кор?
Шикояти аъзои комисияи аз ширкат надоштани мардум барои райъдиҳӣ ҷойи нигаронӣ дошт. Мусаллам аст, ки зиндагии мардуми деҳот хеле вазнин аст. Дар пурсишҳои аъзои комисия барои сари вақт ҳозир нашудан, кулли занон далел меоварданд, ки ҳоло фасли чобуқ буда, бувуҷуди мушкилӣ онҳо барои интихоби вакилон омадаанд. Аксари занони райъдиҳанда аз аҳамият ва тарзи дурусти овоздиҳӣ огоҳӣ надошта, аз комисия ҳам суол мекарданд, ки чӣ корро бояд анҷом диҳанд. Аъзои комиссия онҳоро фаҳмонида нигаронӣ аз он мекарданд, ки аз рафти райъдиҳӣ хабар надоранд.
Интихобот “идома” дошт, аммо тақрибан соати 15-30 Раҷаби Мирзо эътироз намуда тамоми нозирони худро бозхонд. Далели аслии Раҷаби Мирзо, номзад ба таври худпешбарӣ ин буд, ки гурӯҳе аз нозирони ӯ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳолатҳои даста даста ба таври тақаллубкорӣ овоз додаанд ва ҳамчунин тарғиби райъдиҳии мардум ба номзади ҳизби аграриро мушоҳида кардаанд. Баъд аз бозхондани нозирон, ҳузури интихобкунандагон, ки дар аксари ҳавзаҳо то соати 16-00 то 45-50 дарсад расида буд, дар соати 18-00 якбора гӯё ба 81 фоиз расид. Дар ҳамин баробар Раҷаби Мирзо мегӯяд, ки то ҳоло тасмими ниҳоии худро нагирифта, дақиқ нест, ки аз риоя нагардидани меъёри қонун ба куҷо шикоят хоҳад бурд.
Бино бар андешаи коршиносон ба таври тақаллуб сурат гирифтани интихоботи мазкур ин суханон ва кафолати раисҷумҳурро барои баргузории интихоботи шаффофи раисҷумҳур дар моҳи ноябри соли ҷорӣ комилан зери суол бурд. Коршиносон мегӯянд, ки рафти интихоботӣ дар ҳавзаи №39 исбот кард, ки низоми баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон дар ин солҳои наздик роҳандозӣ нахоҳад шуд.