Дастгоҳи нашри виза дар фурудгоҳи Душанбе дубора фаъол шуд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳи чопи раводид ё визаи Бюрои консулгарии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъол гардидааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Абдулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷӣ, иттилоъ дода, таъкид намуд, ки айни ҳол шаҳрвандони хориҷӣ бе ягон мушкилӣ равуо доранд.
20-уми апрел тартиби содашудаи додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ қатъ шуда буд. Мақомот гуфтанд, ягона дастгоҳи нашри виза дар фурудгоҳи Душанбе аз кор бозмондааст. Чунин раводид маъмулан дарҳол пас аз ташриф дар фурудгоҳ дода мешавад. Тартиби содашудаи додани раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари дунё ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, қатъи ироаи раводид дар фурудгоҳ ба хотири ҷилавгирӣ аз омадани меҳмонони хориҷӣ ба ҷашни 40-солагии ин ҳизб роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи масъулини ҳизб мушкили раводид боис шуд, ки 27-уми апрел дар ҷашни 40-умин солгарди таъсиси ҳизб наздики 200 меҳмони хориҷӣ ширкат карда натавонистанд.