Президент гуфт, як хонаву Тойота Ландкрузер дорад ва даромадаш 20 000 $ аст
Чеҳраҳои рақами 1-и Қирғизистон даромади солонаи худро дар соли сипаришуда эълон намудаанд.
Аз ҷумла, Алмазбек Атамбаев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар назди мақомоти андоз дар бораи даромади худ дар соли 2012 ва молу мулки мутааллиқ ба ӯву пайвандонаш, ҳисобот додааст.
Ба гуфтаи Атамбаев, даромади солонаи ӯ дар соли 2012 ҳамчун музди меҳнат 984,776 сом, муодили 20,5 ҳазор долларро ташкил додааст. Инчунин, ӯ соҳиби хонае бо масоҳати 93,3 метри мураббаъ ва як дарахтзор бо масоҳати 64 000 метри мураббаъ мебошад.
Ҷаноби Атамбаев гуфтааст, инчунин як мошини навъи “Тойота-Ландкрузер”, истеҳсоли 2007, дар ихтиёр дорад.
Атамбаев дар мавриди даромади солонаи ҳамсари худ Р.Атамбаева гуфтааст, ӯ дар соли гузашта ба маблағи 367,201 сом (7 ҳазору 600 доллар) даромад дошта, низ 120 ҳазор доллар аз саҳоми авроқи қиматбаҳои худ фоида ба даст овардааст.
Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, дар соли гузашта даромади солонаи ӯ 16,9 ҳазор долларро ташкил додааст. Ба гуфтаи нахуствазири ин кишвар, ӯ соҳиби хонае бо масоҳати 87 метри мураббаъ буда, мошини хусусӣ надорад.
Ин дар ҳолест, ки дар номи пайвандони ӯ бошад, 1 008 540 сом, як ҳавлӣ бо масоҳати 172 метри мураббаъ, хона (200 метри мураббаъ) ва як гараж (13,5 метри мураббаъ) қайд шудааст. Ба ғайр аз ин, ду мошини сабукрави навъи Тойота-Прадо (2005) ва Тойота Рав-4 (2008) дар ихтиёр доранд.