Кумисюн санҷиши қаторҳои Тоҷикистонро анҷом дод: Русия дурӯғ мегӯяд!
Кумисюни вижа ё махсуси Тоҷикистон баъд аз санҷиши қаторҳои ин кишвар изҳороти бархе аз мақомоти баландпояи Русияро бепоя хонд. Аъзои ин кумисюн аз 26-уми апрел то 5-уми май қаторҳои Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба самти Маскав мерафтанд, мавриди санҷиш қарор додааст.
Дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ вазъи техникиву санитарии қаторҳои Тоҷикистон мавриди интиқоди шадиди баъзе аз роҳбарони Русия қарор гирифта ва ин пешниҳодҳо низ садо дода буданд, ки вуруди қаторҳои Тоҷикистон ба Русия манъ шавад.
Журналист Ато Мирхоҷа, ки дар ҳайати ин кумисюн буд, рӯзи шашуми май ба “Озодагон” гуфт, “аз рӯи инсоф бояд гуфт, дар қаторҳои Тоҷикистон ҳолати санитарӣ муътадил буда, ҳангомае, ки филми гӯиё мустанади Мамонтов "Шайтон-поезд" ба вуҷуд оварда буд, ҳамааш сохта ва фармоишист.”
Оқои Мирхоҷа афзуд, азбаски муҳоҷирони мо дар бадтарин шароит ва бо арзонтарин музд дар Русия кор карда, 10-15 нафар дар манзили якҳуҷраӣ ё таҳхонаҳо "зиндагӣ" мекунанд, дар назари мардуми Русия тамоман беқадр шудаанд.
Мусоҳиби мо илова кард, “хулосаи банда аз сафари 10-рӯзаи гурӯҳи корӣ оид ба санҷидани қаторҳои Тоҷикистон дар масири ҳаракаташон то Маскав чунин аст: Русиягиҳоро ворид намудани ҳероину таблиғоти бисёр вақт ифротгароёнаи дини Ислом ба ташвиш овардааст.”
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон низ чанде қабл бо пахши як иттилоия изҳороти мақомоти воломақоми Русия дар бораи вазъи бади санитарии қаторҳои Тоҷикистонро беасос хонда буд.