“Говсуд”-и донишҷӯи тоҷик барои суҳбат бо духтари рус (Видео)
Дар шабакаи Youtube дар интернет, рӯзи 5-уми апрел, наворе пахш гардид, ки дар он як гуруҳ миллатгароёни рус як ҷавонро бо чеҳраи осиёӣ, ки худро И. Сафаралиев, шаҳрванди тоҷик, муаррифӣ мекунад, ба зону нишонда водор мекунанд, ки аз тамоми халқи рус барои ҳузураш дар Русия ва суҳбати интернетӣ бо духтари рус узр пурсад. Дар охир ӯро ваҳшиёна латту кӯб намуда, водор ба қасам мекунанд, ки дар наздиктарин фурсат Русияро тарк хоҳад кард.
Аввали навор аз намоиши гуфтугӯи интернетии донишҷӯи гӯиё 18-солаи тоҷик И.Р бо Настя, хонандаи синфи 8 оғоз мегардад, ки онҳо дар “Однокласники” барои мулоқот мувофиқа мекунанд. Аммо ба вохӯрӣ ба ҷои Настя як гуруҳ миллатгароёни рус омадаанд, ки гуфта мешавад, аз атрофиёни скинхеди машҳури Русия-Тесак мебошанд.