Нархи Фарҳод Восиев, футболбози тоҷик, дар як сол 100 000 евро поин омад
Як торнамои олмонӣ Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи “Волгар”-и шаҳри Аштархон (Астрахан)-ро гаронтарин футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон эълон намудааст.
Торнамои олмонии маъруф дар олами футбол – transfermarkt.de арзиши Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро, ки ҳоло бо тими футболи “Волгар”-и Аштархон шартнома дорад, 250 ҳазор евро арзёбӣ кардааст. Дар ҳоле ки дар арзёбиҳои соли гузаштаи ин торнамо Фарҳод Восиев 350 ҳазор евро нархгузорӣ шуда буд.
Ин торнамои олмонӣ дар феҳраст ё рӯйхати худ номи 27 футболбози тоҷикро зикр мекунад, аммо аз миёни онҳо танҳо се нафарашонро баҳогузорӣ намудааст. Яъне, дар қатори Восиев, инчунин аз Хуршед Маҳмудов, бозигари тими "Регар-ТадАЗ" ва Манучеҳр Ҷалилов ёдоварӣ шуда, аввалиро 75 ҳазор ва дувумиро 100 ҳазор евро нархгузорӣ кардаанд.
Бояд гуфт, Манучеҳр Ҷалилов, ки ҳоло дар «Нефтехимик», яке аз дастаҳои футболи Русия, бозӣ мекунад, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Вале дар бозиҳои дастаи мунтахаби кишвар иштирок надорад.
Бар асоси наргузории transfermarkt.de қимати футболбозони тоҷик дар маҷмуъ 425 евроро ташкил медиҳад.