Овоздиҳии 81 дарсади сокинон ва эътирози Раҷаби Мирзо аз тақаллуб
Бино ҳисоби пешакӣ дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 81 дарсади сокинони қобили раъй иштирок кардаанд. Ин интихоботи миёндаврӣ рӯзи панҷуми май баргузор, вале то ҳол пирӯзи ин сабқат муайян нашудааст.
Қарор аст, натиҷаи муқаддамотӣ ё пешакии ин интихобот субҳи душанбеи шашуми май эълон шавад. Ин дар ҳолест, ки нозирони номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз ин ҳавза Раҷаби Мирзо мегӯянд, бино ба ҳисоби онҳо то бегоҳи рӯзи панҷуми май ҳузури шаҳрвандон ҳамагӣ аз сӣ то панҷоҳ фоизро ташкил медод.
Дар ин интихоботи миёндаврӣ се нафар барои курсии холимондаи Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, дар Маҷлиси Намояндагон талош карданд. Рустам Латипов вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ ахиран раиси ин ноҳия таъин шуда, ҷои худро холӣ гузошт.
Зайниддин Сафаров, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ибодулло Неъматов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб» муддаии курсии холишуда дар Маҷлиси намояндагонанд. Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, ки ҳамчунин номзад буд, аз идомаи рақобат даст кашидааст.
Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, аз тақаллуби афзун дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39-и ноҳияи Восеъ, норозист. Ӯ тақрибан соати 16-и панҷуми май аз ҳамаи нозирону намояндагонаш дар қитъаҳои раъйдиҳӣ хост, аз идомаи назорат даст бардоранд ва ба ситоди интихоботии ӯ ба маркази Восеъ оянд.
Афроди наздик ба оқои Мирзо мегӯянд, дар интихобот мушоҳида шудааст, ки масъулон бастаи варақаи раъйдиҳиро ба дохили “сандуқи шаффоф” партофта, аз сокинон хостаанд, бештар ба намояндаи Ҳизби аграрӣ раъй бидиҳанд.
Иддаое, ки масъулони кумисюни интихоботи ноҳияи Восеъ онро дар дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” рад карда, интихоботро шаффоф номиданд. Онҳо гуфтанд, аз сӯи нозирон ва худи Раҷаби Мирзо ба онҳо номаҳои шикоятӣ расидаанд, ки ҳатман баррасӣ хоҳанд шуд.