Духтари президент ҳафтод долларии соҳибкоронро гирифт
Соҳибкорони миёнаи Узбакистонро маҷбур мекардаанд, то ба ҳисоби ҷашнвораи фарҳангии “Асрлар садоси” (Садои қарнҳо), ки ҳамасола бо ибтикори Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури ин кишвар, баргузор мешавад, маблағ гузаронанд.
Яке аз соҳибкорони вилояти Навоӣ бидуни бурдани ном ба “Озодлик”, бахши узбакии Радиои Озодӣ нигаронии худро аз ҷамъоварии маблағ барои чорабиниҳои Гулнора иброз дошта гуфтааст, “барои ин чорабинӣ ҳар соҳибкори вилояти Навоиро маҷбур карданд, на камтар аз 200 ҳазор сум, наздик ба 70 доллари амрикоӣ пардозад. Ҳеч кас напурсид, ки мо дар ҳисобамон пул дорем ё не. Гуфтанд: пул диҳед ва гап тамом. Агар шумо бовар накунед, варақаи интиқоли пулро бароятон мефиристам. Мо соҳибкорон ғайриихтиёри худ чорабиниҳои Гулнора Каримоваро маблағгузорӣ мекунем.”
Ин нафар ҳамчунин афзуда, ки аз музди меҳнати кормандони буҷавӣ ва бонкӣ ҳам барои «Садои қарнҳо» маблағ мегиранд. «Масалан, Шумо барои гирифтани пул ба бонк меравед, кормандони бонк мегӯянд, ки фалон маблағро ба ҳисоби «Асрлар садоси» фиристед. Ман рад кардам, аммо раҳбар худаш омада, хоҳиш кард, ки ин корро анҷом диҳам»,-гуфтааст вай.
CA-News навишта, ки ин соҳибкор нусхаи аснодеро, ки интиқоли пул ба фонди Каримоваро тасдиқ мекунад, ба ихтиёри “Озодлик” гузоштааст. Гулбаҳор, як корманди Бонки миллии Узбакистон гуфта, чунин як амр ба таври шифоҳӣ аз ҳокимият расидааст.
Ба навиштаи “Озодлик”, ҷашнвораи “Асрлар садоси” ба як дастгоҳи азими ҷамъоварии маблағ табдил шудааст. Саодат Нишонова, иқтисоддони узбак бар ин аст, ки чунин сиёсати маҷбурсозии соҳибкорон иқтисодро барҳам мезанад: «Агар ҳукумат бо ҳар баҳона маблағ талаб кунад, соҳибкорон дигар барои рушди тиҷорати худ маблағ пайдо намекунанд”.
Тибқи барномаи ҷашнвораи “Садои қарнҳо” имсол он 4 ва 5-уми май дар вилояти Навоӣ баргузор мешавад.