Таъсиси комиссия, суқути ҳавопаймо ва сарнишинони бе ному нишон (АКС)
Қирғизистон барои тафтиши ҳодисаи суқути ҳавопаймои KC-135 Stratotanker-и амрикоӣ дар қаламрави ин кишвар комиссияеро таъсис дод.
Тавре расонаҳои қирғизӣ менависанд, субҳи 4-уми май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи изтирорие зери раҳбарияти нахуствазири Қирғизистон баргузор гардида, комиссияи тафтишотӣ дар робита ба суқути ҳавопаймои амрикоӣ бо раҳбарияти Султонов, вазири ҳамлу нақли ин кишвар, таъсис дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз итмоми ҷаласаи мазкур, ҳайати комиссия бо дастури нахуствазири Қирғизистон ба макони ҳодиса сафарбар шудаанд. Гуфта мешавад, бо гузашти як рӯз тақдири 5 нафар аз сарнишинони ин ҳамвопаймо ҳанӯз номаълум мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, дар наздикии макони ҳодиса чатри наҷотбахш ё парашюте пайдо шудааст, ки эҳтимол марбут ба сарнишинони ҳавопаймо мебошад.
Ёдрас менамоем, рӯзи 3-юми апрел тақрибан соати 14:55 як ҳавопаймои навъи KC-135 Stratotanker дар вилояти Чуйи Қирғизистон, дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон оташ гирифта, баъд аз ба се қисмат ҷудо шудан ба замин уфтода буд. Ба иттилои манобеи хабарӣ, ин ҳавопаймо марбут ба пойгоҳи низомии Амрико ба ҳисоб рафта, машғул ба таъмин намудани ҳавопаймоҳои дигар бо сӯзишворӣ дар Афғонистон будааст.