Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аммо кадом Ватан?
Замони кӯдакии мо дар пештоқи дари ҳамсояамон ин навиштаро мехкӯб карда буданд: “Хонаи истиқоматии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ -- Беков Ҷангӣ”. Ин навишта чунон бо як ваҷоҳат ва ҳашамате ба мо таъсир гузошта буд, ки ҳар рӯз барои бори дигар дидану хондани ҳамин як ибораи хушку қолабиву расмӣ кӯшиш мекардем, ба хонаи ҳамсояамон биравем.
Баъдтар, замоне бузургтар шудем, фаҳмидем, ки дар пештоқи дари ҳар се иштирокчии ин ҷанг аз деҳаи мо, чунин як лавҳа будааст.
Замони мактабхонӣ дар китобҳои дарсӣ тавсиф ва образи ин ҷанг ба шакле тасвир шуда буд, ки воқеан ба Шӯравӣ сано мехондем ва имрӯз ҳам сано мехонем. Вале баъдтар чун моҳияти истиқлол ва худи миллатро шинохтам, ба истифодаи ибораи Ҷанги Бузурги Ватани (фақат ба ибора, ба худи ҷанг не!) ихтилофи назар пайдо шуд. Ин радду бадалро бо як дӯсти донишмандам, ки дар заминаи манфиатҳои миллӣ машғули кори илмист, дар миён гузоштам ва ӯ низ ба мавқеи ман мувофиқ шуд.
Яъне, баҳси мо фақат баҳси забоншиносӣ нест, балки як баҳси сиёсӣ мабнӣ бар фалсафаи сиёсист. Чун имрӯзҳо дар ростои Рӯзи ғалабаи Шӯравӣ бар Олмон дар Ҷанги ҷаҳонии дувум қарор дорем, истифодаи як ибора бисёр нохушоянд мебошад. Дар Тоҷикистон то ҳоло бештари расонаҳо ва китобҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ менависанд. Аммо Кадом Ватан? Шӯравӣ? Шӯравӣ фурӯ рехт ва бар ивазаш истиқлоли Тоҷикистонро соҳиб шудем.
Ба ин манзур истифодаи таъбири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маънии нодида гирифтани истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Яъне, мо ба ин ақида, ки истиқлолияти Тоҷикистон дар натиҷаи фурӯпошии Шӯравӣ ба даст омадааст, ҳамагӣ бовар дорем. Пас, дигар Шӯравӣ ҳам аз нигоҳи маъмурӣ, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ Ватани мо нест. Яъне муравваҷ будани ҳамин ибора нишонаи тафаккури истеъмории мост, ки ба истиқлоли фикрии мо муғойират дорад.
Воқеан Шӯравӣ замоне ватани маъмурӣ ва сиёсии мо буд. Ва бояд бигӯям, нафароне, ки ба ин ҷанг эъзом шуданд ва барои наҷоти Ватани вақти худ мубориза кардан ё қурбонӣ шуданд, воқеан қаҳрамонӣ намуданд. Имрӯз ман дасти ҳар як иштирокчии ин ҷангро мебӯсам, ки барои наҷоти Ватани худ талош кардаанд ва бардагиро, ки бадтарин навъи зиндагист напазируфтанд. Худо умрашон бидиҳад.
Бисёр хуб мешуд, инро мо Ҷангии ҷаҳонии дувум ё Ҷанги Шӯравӣ бо Олмон биномем, на Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Ба ҳар ҳол назари ман ин аст, ки истифодаи таъбири Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нигоҳи истиқлолияти миллӣ ва фикрӣ дуруст нест. Дигарон чӣ назар доранд?
Иршод СУЛАЙМОНӢ,
журналист