Донишмандони тоҷик ба рейтинги The Prospect шомил нашуданд
Ҳеч як донишманди тоҷик ба феҳрасти мутафаккирони маъруфи соли 2013 роҳ наёфтааст.
Маҷаллаи “The Prospect”-и Бритониё бар пояи назарпурсии беш аз 10 ҳазор нафар аз 100 кишвари ҷаҳон рейтинги ҷаҳонии маъруфтарин мутафаккиронро тартиб додаст. Дар ин миён исми ҳеч тоҷике дида намешавад.
Баландтарин мақомро дар ин феҳраст аз миёни кишварҳои минтақа Афғонистон соҳиб шудааст. Доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзой, вазири собиқи молияи ин кишвар, зинаи дуюмро муаррифӣ мекунад. Дар матлаби маҷалла гуфта мешавад, ки кам донишмандоне муваффақ мешаванд, идеяҳои худро дар амал татбиқ намоянд ва доктор Ашраф аз ҳамон қабил аст.
Бино ба иттилои телевизиони давлатии Афғонистон доктор Ашраф Ғанӣ Аҳмадзой баъди даҳсолаҳои фаъолияти академӣ дар Колумбия ва Беркли маҳз ба хотири дар амал татбиқ кардани идеяҳояш ба ватан баргашта, ба маснади вазири молия нишаст. «Ӯ ба ҳайси ёвари СММ ҳам фаъолият дошт ва ҳоло дар Комиссия оид ба ҳамоҳангсозии интиқоли қудрат ба артиши Афғонистон кор мекунад ва Пажуҳишгоҳи давлатии баҳравариро низ роҳбарӣ дорад. Ба ҷуз ин, масоили буҳрон дар Сурияро пажуҳиш мекунад",-хабар медиҳад манбаъ.
Зинаи аввали рейтинги мутафаккирони маъруфи соли 2013 насиби Ричард Докинз, донишманди бахши биологияи Оксфорд шудааст. Дар ҷои сеюм профессор Стивен Пинкер аз Гарвард қарор дорад.
Алӣ Алавӣ, вазири савдои Ироқ, Пол Крюгман, иқдисоддони шинохта, Славож Жижек, донишманд, Амартиа Сен, лаурети ҷоизаи Нобел аз Ҳиндустон, Питер Хиггс, физики англис, Ал-Бародаӣ, роҳбари собиқи Оҷонси байналмиллалии энержии ҳастаии СММ (МАГАТЭ) ва Дэниэл Каннеман, равоншинос шомили даҳгонаи рейтинги маҷаллаи «The Prospect»-и Бритониё шудаанд.
Дар даҳгонаи аввал се нафаре шомиланд, ки барои рушди ҷаҳони ислом нақши муассире доштаанд.
Аммо аз Тоҷикистон касе нест. Воқеан, исми Тоҷикистон танҳо вориди феҳрастҳое мешавад, ки дар он кишварҳои худкома, ноозод ва фақир гирдоварӣ шудаанд.
Дар рейтинги маҷаллаи амрикоии «Foreign Policy», ки 500 қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳонро нашр кардааст, номи Тоҷикистонро намебинем. Танҳо дар соли сипаришуда Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар вориди феҳрасти «500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон» шуд, ки Маркази салтанатии тадқиқоти стратегии исломӣ дар Уммон тартиб дод.