Вақте аз Андӣ дар мавриди орзӯҳояш пурсиданд, гуфт, «онҳо зиёданд ва Худоро шукр яке-яке ба онҳо мерасам. Ман тамоми дунё мусофират меравам аз наздик мардумро мебинам. Орзуи бузурги ман ин аст, ки як рӯз тавонам ба Эрон баргардам, назди ҳамватанон.”
Ин овозхони маъруф мегӯяд, матни бештари таронаҳои ӯ ба Поксимо Закипур мутаалиқ аст. “Бо таронасароҳои дигар низ кор мекунам, аммо бо Поксимо дӯсти наздикем ва ӯ пастиву баландиҳои зиндагии маро медонад. Вақте матн менависад аз рӯи зиндагии ман, аз рӯйи хусусиёти ахлоқии ман, аз рӯйи пасту баландиҳои зиндагии ман месарояд. Дар натиҷа ин таронаҳо бештар ба қалби ман наздиктар мешаванд. Фикр мекунам, далели муваффақияти ман ҳам ин буда, ки мардум оҳангҳоеро ки мехонам, бовар мекунанд, ки аз сидқ мехонам”,-афзуд ӯ.
«Консерти оянда бо хонандаҳои тоҷик оҳанги ҷадид мехонем»
Ба гуфтаи Андӣ як рӯзи пеш бо чанд таронанавис ва овозхони тоҷик ошноӣ пайдо кардаанд ва тасмим ин шуда, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоянд: «Интернет кори моро содда кардааст ва метавонем ба роҳатӣ аз Амрико то Душанбе бо ҳам кор кунем. То консерти баъдӣ, ки бармегардем Тоҷикистон иншоолоҳ оҳанги ҷадиде хоҳем дошт бо хонандаҳои тоҷик».
«Аз дӯстони тоҷикам хоҳиш мекунам, бо лаҳҷаи тоҷикӣ суҳбат кунанд»
Андӣ мегӯяд, агар барояш матни хуб пешниҳод шавад, фарқ намекунад, ки он бо лаҳҷаи тоҷикист ё эронӣ. Ӯ афзуд, лаҳҷаи тоҷикӣ барояш писанд аст: «Ҳар вақт дӯстони тоҷикамро мебинам, онҳо мехоҳанд бо манн бо забони форсӣ суҳбат кунанд, аммо ман исрор мекунам, к ибо заьбони тоҷикӣ суҳбат кунанд, чун ин лаҳҷа хеле ширин аст».
Андӣ Мададиён дар гузашта низ ду бор меҳмони Тоҷикистон буд ва дар минтақаҳои шимолу ҷануби ин кишвар консерт баргузор кардааст.