Эътирози оммавӣ дар Миср ҳамоно идома дорад
Артиши Миср ба сӯи тазоҳуротчиён дар шаҳри Суетс оташ кушодааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ин амали низомиён замоне сурат гирифтааст, ки гирдиҳамомадагон ба ҷониби аскарони ҷузу томҳои Миср сангандозӣ кардаанд. Феълан, тазоҳуротчиён дар Суетс ҷодаи нақлиётии Суетс-Бандари Сурхро баста, талабҳои нав пешниҳод месозанд.
Дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Қоҳира низ намоишҳои эътирозии сокинон дар майдони Таҳрир идома дорад ва онҳо иддао доранд, ки агар дархостҳои эшон пазируфта нашавад, онҳо роҳро ба сӯи вазорати умури дохила, бинои телевизион хоҳанд баст.Талаби аслии иштирокчиён ин аст, ки гунаҳкорони қатли беш аз 900 нафар дар ҷараёни раҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи президенти собиқ- Ҳуснӣ Муборак ба муҷозот кашида шаванд. {jathumbnail off}