Раиси “Созандагони Ватан” ба ҷавонони Бадахшон посух гуфт
Адҳам Мирсаидов, раиси ташкилоти “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия, изҳороти ҷавонони Бадахшонро бепоя хондааст.
Мирсаидов рӯзи 3-юми апрел иттилоия пахш карда, ҷавонони Бадахшонро, ки изҳороти қаблии «Созандагони Ватан»-ро ба маҳалгароӣ мансуб донистаанд, ноҳақ хондааст.
Раиси “Созандагони Ватан” афзудааст, “набояд фаромўш кард, ки ҷавонони аъзои «Созандагони Ватан» ва ҲХДТ Ваҳдати миллиро арҷгузорӣ намуда, ҳеч манфиатро болотар аз он нахоҳанд гузошт. Ҳамзамон он вокунише, ки ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҷавоб ба мавқеъгирии мо пахш карданд, қобили қабул нест, зеро «Созандагони Ватан» манфиати ҳеч кадом минтақаи кишварро боло нагузоштааст.”
Дар идома Мирсаидов далел меорад, ки «аввалин шуда ташкилоти мо нисбат ба қатли Парвиз Бобобеков (Давлатбеков, -Озодагон) дар шаби соли нави 2012 изҳорот мунташир карда буд. Илова бар ин марги Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши ҲНИТ дар Бадахшонро новобаста аз мавқеъгирии сиёсӣ мо ҳамчун як фарди ҷавони кишвар маҳкум карда будем. Аз ҳамин хотир ман аз тамоми ҷавонони Бадахшон даъват ба амал меорам, ки нагузоранд, то ҳар гуна гурўҳҳои манфиатҷў аз нерўи ҷавонон бо ҳадафҳои ғаразнок суйиистифода кунанд».
Қаблан “Созандагони Ватан” бо пахши як изҳорот латту кӯби Алишер Чақалов, як сокини Душанберо аз ҷониби гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ маҳкум карда, таъкид кардааст, “бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд,аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.”
Як гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли Бадахшон ба нигаронии Созандагони Ватан посух гуфта таъкид кардаанд, ки латту кӯби сохтмончиён -- Тошмуродов ва Чақалов дар Хоруғ онҳоро низ ба ташвиш овардааст, вале шеваи нигаронии ҷавонони ҲХДТ онҳоро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Созандагони Ватан ин вазъро чунин тавсиф карда, ки миёни сокинони дигар манотиқи кишвар нисбат ба зодагони Хоруғ бадбинию душманиро ба вуҷуд меорад.
“Мо намефаҳмем, ба чӣ хотир ҷиноҳи ҷавонони бузургтарин ҳизби кишвар мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва дар асоси он чунин изҳорот мекунанд”,-таъкид шудааст дар номаи ҷавобии ҷавонони фаъоли Бадахшон.