Муноқиша дар истироҳатгоҳи “Сари пул” бо куштор анҷомидааст
Мақомоти пулиси шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки ба марг расондааст, Зикруллоҳ Бобокалонови 38- сола, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, боздоштшуда рӯзи 1 -уми майи соли равон тахминан соати 21:30-дақиқа дар истироҳатгоҳи «Сари пул», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд Нозим Нозимови 37-сола, сокини ҳамон ҷой, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро латукӯб мекунад. Дар натиҷа, Нозим Нозимов, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, (шикастани косахонаи паси сар), дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.