“Foreign Policy” Оғохони 4-ро аз таъсиргузортарин чеҳраҳои дунё хонд
Маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ, “Foreign Policy” рӯйхати 500 чеҳраи таъсиргузортарини ҷаҳонро дар соли 2013-ум таҳия кардааст.
Ба ин рӯйхат шахсоне дохил шудаанд, ки ба башарият ва ҷаҳон дар маҷмуъ таъсири назаррас доранд. Ин маҷалла рӯйхаташро бо назардошти баҳогузориҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла бо назардошти номгӯи одамони бонуфузтарин аз нигоҳи Forbes, Wall Street Journal, Vanity Fair, Fortune, Thomson Reuters ва дигарон таҳия кардааст. Муаллифони рӯйхат аз ҷумла ба қудрати сиёсӣ, мансаби давлатӣ, қудрат, идрок ва пул баҳо додаанд.
Аз ҳама бисёр дар рӯйхати одамони таъсиргузортарини ҷаҳон шаҳрвандони Амрико, 141 нафар ворид шудаанд, ки Барак Обама, раисиҷумҳури ин кишвар дар сархати онҳо қарор дорад. Ҷои дуюмро Чин бо 30 чеҳраи таъсиргузор гирифтааст. Аз Русия дар номгӯй 23 нафар, аз ҷумла Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, президенту сарвазири ин кишвар ворид гардидаанд.
Ба ҷуз тоҷир Ринат Аҳметов аз Украина, аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба ин рӯйхат касе шомил нагардидааст. Оғохони 4, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки пайравонаш дар Бадахшони Тоҷикистон низ иқомат доранд, дар рӯйхати чеҳраҳои таъсиргузортарини дунё дар соли 2013 зинаи шашумро касб кардааст.