«Beeline»-у «Tcell» дар рӯзи озодии баён ҳам «Озодагон»-ро боз накарданд
Дастрасии муштариёни ду ширкати мобилии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба торнамои хабаргузории «Озодагон» маҳдуд аст.
Тайи як ҳафтаи ахир муштариёни «Beeline» ва «Tcell», ду ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон, наметавонанд ба торнамои «Озодагон» ворид шаванд. Муштариёни ин ширкатҳо мегӯянд, аз шоми рӯзи 25-уми апрел чунин мушкил пеш омадааст. Ба гуфтаи онҳо, сомонаҳои дигар ҳеч мушкил надоранд, танҳо «Озодагон» дастнорас аст.
Субҳи имрӯз, 3-юми май, аз ширкати «Tcell» ба хабарнигори «Озодагон» гуфтанд, давоми ду соати дигар ин мушкилро рафъ месозанд, аммо то ҳол муштариён наметавонанд торнаморо боз намоянд. Масъулини «Beeline» бошанд, баъд аз як ҳафтаи муроҷиат танҳо имрӯз посух гуфтанд, ки «ҳар вақт мушкил бартараф шуд, шуморо огоҳ мекунем».
Қаблан муштариёни ширкати «Мегафон», яке аз дигар ширкатҳои фаъоли мобилӣ низ гуфтанд, ки наметавонанд, ба торнамои “Озодагон” ворид шаванд. Аммо бо гузашти танҳо як ҳафта аз ин мушкил ва пойфишориҳои “Озодагон” ин мушкил рафъ гардид.