Пул биёреду баъд ба дарс дароед!?
Алишер ЗАРИФӢ
Як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, Гулнора Меликова, директори мактаби №15- ин ноҳия ба таври ғайриқонунӣ аз фарзандҳояшон пул талаб мекунад, ки ин амали ғайриқонунии ӯ онҳоро нигарон сохтааст.
Муҳибулло Раҳмонов, ки 4 фарзандаш дар ин мактаб таҳсил мекунад, дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, дар ин мактаб таҳсил ройгон аст, аммо рӯзҳое ҳам буд, ки ки барои маблағ напардохтан фарзандҳояшро аз мактаб пеш кардаанду онҳо гирён ба хона баргаштанд.
Номбурда илова кард, ки давоми ҳар моҳ дар мактаб аз фарзандонаш 10 сомонӣ, аз 4 нафар 40 сомонӣ талаб мекунанд, аммо намедонад, ин маблағҳо дар куҷо сарф мешаванд: «Ҳоло кӯдакҳо мегӯянд, то пул надиҳед мактаб намеравем дигар. То мактаб 3 километр роҳ аст ва вақте онҳоро пеш мекунанд дигар ба мактаб барнамегарданд. Ба фарзандонамон мегӯянд, аввал рафта пул биёред, баъд ба дарс биёед».
Ин мусоҳибамон иброз дошт, ки ҳоло шикояти волидайни хонандагон аз ин гуна амалҳои директор ҷиҳати иҷборан пул талаб кардан аз фарзандҳояшон зиёд шуда истодааст.
Муҳибулло Раҳмонов таъкид кард, ки Гулнора Меликова аз вақти ба вазифаи сарварии ин мактаб таъин шуданаш (тақрибан 3-4 сол) боз аз хонандагон пул талаб мекунад, ки онҳо маҷбур шуданд дар соли 2012 ба Вазорати маориф барои ҳалли ин масъала ариза ирсол намоянд. Гурӯҳи волидайни хонандагон, ки ҳудуди 16 нафарро ташкил медиҳад, дар аризаи худ аз масъулини маориф хоҳиш намудаанд, ки директори мактаб аз гирифтани пули хонандагон даст кашад.
Вазорати маориф дар ҷавоб ба аризаи онҳо гуфтааст, ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додаанд ва директори мактаб Гулнора Меликова нисбати камбудиҳои дар ариза ҷойдошта огоҳонида шудааст.
Як падари хонандаи дигари ин мактаб, ки худро Пӯлод муаррифӣ кард, гуфт соли гузашта намояндагони Вазорати маориф баъди ирсоли ариза ба мактаб омаданд ва ба директор гуфта буданд, ки аз хонандагон дигар пул нагирад.
Ба қавли ин ҳамсуҳбатамон, баъди мулоқоти намояндагони Вазорати маориф директри мактаб як муддат аз гирифтани пул даст кашида буд, аммо аз январи ҳамин сол боз пулҷамъкуниро оғоз кардааст.
Гулнора Меликова, директори мактаби №15 ғайриқонунӣ аз хонандагон пул талаб карданашро рад намуда, мегӯяд, ӯ дар асоси шартнома миёни мактаб ва волидайн аз хонандагон пул мегирад: «Пуле, ки мо мегирем маоши омӯзгоронро медиҳем, барои дарсҳои иловагӣ ба омӯзгорон пул медиҳем, андози 13%-и давлатро медиҳем. Касе, ки хоҳиш надорад шартнома имзо накунад ва пул ҳам наорад. Мо касеро маҷбур намекунем».
Ин дар ҳолест, ки зимни баромаданам аз ин мактаб бо як хонандаи синфи 8-и мактаби мазкур суҳбат намудам, ки новобаста аз хоҳишашон, маҷбурӣ пул талаб кардани роҳбарияти мактабро тасдиқ намуда гуфт, «доимо ба мо мегӯянд пул биёред».
Падари як хонандаи ин мактаб ин гуфтаҳоро тасдиқ намуда, илова кард, ки аз мактаб варақаи шартнома миёни волидайн ва мактабро ба дасти фарзандонашон медиҳанд ва мегӯянд, ки «ба падару модаратон гӯед, дар ин шартнома имзо гузоранд».
Маврид ба зикр аст, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №15-и ноҳияи Рӯдакӣ 2500 хонанда таҳсил намуда, ба қавли директори ин мактаб 700 нафари онҳо тариқи шарнома ба дарсҳои иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҳоло волидайни хонандагон тасмим гирифтаанд, аз рӯи амалҳои директори ин мактаб ба Прокурори генералии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор шикоят баранд. Аммо то куҷо ин масъала аз ҷониби масъулин ҷиддӣ гирифта мешавад ва сари он чораҷуӣ менамоянд, инро вақт нишон хоҳад дод.