Умед Бобохонов: “Монеаҳоро эҳсос мекунам”
Ҳамасола севуми май дар ҷаҳон ба унвони рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил мешавад. Дар ин замина “Озодагон” ба чанде аз хабарнигорони шинохтаи Тоҷикистон муроҷиат карда, пурсид, оё онҳо дар роҳи озодии баёну сухан монеаеро эҳсос мекунанд, ё на.
Умед Бобохонов, раҳбари медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс”, дар сӯҳбат бо мо гуфт, “бале, монеаҳоро эҳсос мекунам.” Вале ӯ аз шарҳи ин нуқтаи назараш худдорӣ намуда, афзуд, “биёед, бо ҳамин ҷавоби кӯтоҳ иктифо кунам.”
Абдулмаҷид Усмонов, директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо”, баръакс ба ин назар аст, ки Тоҷикистон дар мавриди озодии баён комилан мустақил аст ва таъкид намуд, ки “монеаро эҳсос намекунам”.
Аммо Хуршеди Атовулло, раҳбари Медиа-Алянси Тоҷикистон, мегӯяд, “дар ҳоле ки бо як занги телефонӣ фарроши дастгоҳи раисиҷумҳур метавонад қатъи дилхоҳ нашрияро дар дилхоҳ чопхона дастур бидиҳад, ҳарф задан аз озодии баён камоли соддагист.” Ӯ илова кард, то замоне ки чопхонаи воқеан мустақил зери ҳимояи ягон созмони байналмилалӣ рӯи кор наояд, озодии баён нисбӣ ва ашки сари мижгон боқӣ мемонад.