Эшони Нуриддин дар бораи навиштани кори илмӣ ба ҷои дигарон
Нуриддин Тураҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин навиштани корҳои илмии шахсони дигарро аз зумраи умури нораво хондааст.
Эшони Нуриддин ин нуктаро дар посух ба суоли яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии Тураҷонзодаҳо, turajon.org изҳор доштааст. Ӯ гуфта, ки “навиштани кори илмии шахси дигар, дар сурате, ки медонӣ, ӯ устод ё раҳбари худро фиреб менамояд, ҷоиз намебошад, зеро ин амал кӯмак дар роҳи гуноҳ мешавад.”
Ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, агар нафари соҳибилм донишҷӯ ё шахсеро дар рафти иҷро намудани корҳои илмияш роҳнамоӣ намуда, аз ӯ маблағ гирад, дар ин сурат боке надорад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон донишмандон ва устодони донишгоҳҳо шикоят аз он доранд, ки бештари корҳои илмии донишҷӯён ё худ аспиранту номзадҳоро нафарони дигар менависанд.