Боздошти ду ҷавон бо иттиҳоми дуздӣ ҳангоми сӯхтор дар Фаровон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо сӯиистифода аз сӯхтор бархе аз ҷавонон дар бозори “Фаровон”-и Қурғонтеппа даст ба дуздӣ задаанд.
Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ахиран бо иттиҳоми дуздӣ ду ҷавони 24-солаи сокини Вахш, Назаров Хайриддин ва Сафаров Камолиддинро боздошт кардаанд. Ба иттилои тафтишот боздоштшудагон рӯзи 24-уми апрел ҳангоми сар задани сӯхтор дар бозори марказӣ аз дохили дукони савдои Мирзоев Зоир Мирзоевич 3-адад телевизорҳои гуногунтамға, 1-адад ДВД, 3-адад стабилизатор, ки арзишашон 5510-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд аз боздоштшудагон далелҳои шайъӣ гирифта шуданд ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.