Собиқ ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон даргузашт
Вазорати маорифи Тоҷикистон аз фавти яке аз маорифчиёни шинохта, арбоби давлатӣ ва ҳомии илму маърифат, корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторов Абдуҷаббор Сатторович хабар медиҳад.
Абдуҷаббор Сатторов пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сифати омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Фархор ба фаъолият шуруъ намуда, баъдан то ба вазифаҳои масъули муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон расидааст.
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд Абдуҷаббор Сатторов ба замми иҷрои вазифаҳои баланди давлатӣ, инчунин ба кори илмӣ низ машғул шуда, аз худ 10 монография, 3 китоби дарсӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ боқӣ гузоштааст.