Дар ҳамин ҳол, дар маркази ноҳия сохтмони як варзишгоҳи нави замонавӣ барои 5.500 ҷойи нишаст бо маблағгузории буҷаи маҳаллӣ ва соҳибкорони Ховалинг ба роҳ монда шуда, хароҷоти умумии тарҳи мазкур 3,5 миллион сомониро дар бар мегирад. Бино ба гуфти ҷаноби Валиев, то имрӯз бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд ва ин иншоот то 9-уми сентябри соли равон мавриди истифодаи сокинон қарор мегирад.
Ҳамзамон, бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ ва маблағгузории аҳолӣ бунёди як мактаб барои 200 хонанда дар рустои Дустқулӣ, 3-бунгоҳи тиббӣ дар қишлоқҳои гуногун, обёрии рустои Сангдара дар масофаи беш аз 3-километр, бунёди ҳавзҳои нигаҳдории моҳӣ, фермаи мурғпарварӣ идома дорад.{jathumbnail off}