Асрори ширкатҳои “эрка”-и Тоҷикистон ифшо мешавад?
Рустам МАҶИДОВ
Минбаъд Бонкҳои марказӣ ва Хадамоти андози 5 кишвари Аврупо - Британия, Фаронса, Италия, Испания ва Олмон ба суратҳисобу амалиёти бонкии ширкатҳое, ки дар минтақаи офшорӣ сабт шудаанд, дастрасӣ хоҳанд дошт.
Дар пасманзари ин хабари расонаҳои ғарбӣ “Озодагон” аз Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, пурсид, ки ин навгонӣ то куҷо дастрасии Тоҷикистонро ба корхонаҳои шаҳрвандони тоҷик дар минтақаҳои офшор васеъ мекунад?
Зоиров мегӯяд, тибқи қонун дар бораи сирри бонкӣ Бонкҳои марказии Аврупо ҳақ надоранд, иттилоъро дар бораи суратҳисоби корхонаю ташкилотҳо ба шахсони сеюм ироа кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дархост аз ҷониби додситонӣ пешниҳод шавад ё шахси инфиродӣ ё ҳуқуқӣ дар пайгарди ҷиноӣ бошад: “Тоҷикистон дар сурати ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ метавонад барои иттилоъ дар бораи корхонаю ширкатҳои шаҳрвандони тоҷик дар минтақаҳои офшор дархост роҳӣ кунад.”
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик таъкид кард, ки иттилое амсоли номи соҳиби ширкати IRS (Иновейтив роуд солюшн), ки идораи роҳи Душанбе-Чаноқро ба уҳда дораду дар минтақаҳои офшор сабт шудааст, сир маҳсуб намеёбад: “Мо метавонем дар бораи соҳиби ширкати IRS ва дигар корхонаҳо иттилоъро дархост кунем, чун ин ба ягон намудҳои сир дохил намешавад.”
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳукумат ба ширкатҳои алоҳида, амсоли IRS, Asian Express ва дигарҳо имтиёзҳоеро ироа мекунад ва парлумон ҳам онҳоро ба тасвиб расондааст. Аммо намояндагони мардумӣ ба суолҳо дар мавриди соҳибони ин ширкатҳои ба истиллоҳ “эрка” изҳори беиттилоӣ мекунанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, имтиёз ба IRS ва қарор дар бораи ба ихтиёри ин ширкат гузоштани яке аз шоҳроҳҳои муҳими кишвар, Душанбе - Чаноқ зимни як ҷаласаи махсуси парлумон бебаҳсу чунучароҳо қабул гардид ва инак соли чорум аст, ки ин ширкат аз мардуми кишвар пул меғундорад.
Дар ҳамин ҳол Зоиров мегӯяд, бе донистани номи соҳиби ширкат ироаи имтиёз аз ҷониби парлумон салоҳияти ин шохаи ҳокимиятро зери суол мебарад.