Даъвати USCIRF аз Амрико барои фишор ба ҳукумати Тоҷикистон
USCIRF - Комиссияи амрикоӣ оид ба озодии байналмилалии динӣ аз Амрико хостааст, ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад, то ин кишвар қонунгузории худро дар робита ба озодии динӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.
USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 30-уми апрел нашр гардидааст, вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст. Ин созмон аз ИМА хостааст, дар сурате ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалиияшро дар робита ба озодии динӣ иҷро намекунад, аз кӯмак ба мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷик худдорӣ кунад. Ба гуфтаи Комиссияи амрикоӣ дар нақзи ҳуқуқу озодиҳои динӣ бештар мақомоти қудратию амниятӣ даст доранд.
Ин ниҳоди амрикоӣ дар ин гузориши худ беш аз 12 саҳифаро ба Тоҷикистон бахшида, навиштааст, мақомоти тоҷик тамоми фаъолиятҳои диниро, новобаста аз он ки ҷудо аз давлат мебошанд саркӯб менамояд: “Дар ин кишвар бархе афрод ба хотири эътиқоду боварии динияшон равонаи зиндон мешаванд. Дар ҳоле, ки иттиҳомоти онҳо исбот нашудаанд.”
Инчунин омадааст, ки тайи чор соли ахир дар Тоҷикистон қонунҳои вазнине алайҳи фаъолиятҳои динӣ ба тасвиб расиданд: “Бар асоси ин қавонин барои фаъолиятҳои динии сабти ном нашуда ҷазои ҷиноӣ таъйин карда шудааст. Ин қавонин гирифтани таълимоти диниро ба таври хусусӣ манъ намуда, ба ҳукумат иҷоза медиҳад, то имом-хатибони масоҷидро худ таъйин кунад ва тамоми фаъолияти диндоронро таҳти назораташ қарор бидиҳад.”
Комиссияи амрикоӣ инчунин зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон рафтани наврасони то 18-сола ба масоҷид ва иштирок дар ҳаргуна ҷамъомадҳои динӣ, пӯшидани либосҳои мазҳабӣ барои занҳо дар таълимгоҳҳо манъ буда, мондани риши дароз барои мардон маҳдуд мебошад.