Freedom House озодии матбуотро дар 197 кишвар таҳлил кардааст
Созмони амрикоии «Freedom House» ё Хонаи Озодӣ дар гузориши солонаи худ, ки рӯзи 1-уми май мунташир гардид, вазъи озодии матбуотро дар беш аз 197 кишвари дунё таҳлил карда, Узбакистон ва Туркманистонро миёни 7 кишвари қафомондатарини дунё, дар қатори Эрон, Белорусия, Куба ва Кореяи Шимолӣ қарор додааст.
Дар ин гузориш миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аввалро Қирғизистон касб намуда, Тоҷикистон ва Қазоқистон ба тартиб дар раддаи дуюм ва сеюм қарор гирифтаанд.
Хонаи Озодӣ дар гузориши худ Норвегия ва Шветсияро дар робита ба озодии матбуот озодтарин кишварҳои дунё хондааст.
Ба гуфтаи гузоришгарон, вазъи озодии матбуот дар дунё дубора нигаронкунанда шуда, дар 10 соли ахир бадтарин маҳсуб меёбад.