Дар ҳамин ҳол чанде қабл эълом гардида буд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон то рӯзи 21-уми сентябри соли 2010 ҳудуди 7 миллиону 565 ҳазор нафарро ташкил дод. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар, натиҷаҳои қаблии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ҳамин арқомро нишон дод. Гуфта мешавад, шумораи аҳолии Тоҷикистон нисбат ба соли 2000-ум 1 миллиону 438 ҳазор нафар, ё муодили 23 фойиз афзудааст. Зиёдшавии аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва қабл аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавтидагон ба вуҷуд меояд. Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000-ум дар қаламрави мамлакат дар авҷ буд, дар соли 2010 мӯътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот- 27 фоиз аҳолии шаҳр ва 73 фоиз аҳолии деҳотро ташкил кардааст. Ёдрас менамоем, натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2013 ба анҷом расида, он дар шакли нашри расмӣ пешниҳоди истифодабарандагон мегардад.
Зимнан, дафтари марказии СММ оид ба шумори аҳолӣ (UNFPA) соли равонро «7 миллиард фаъолият» унвон карда мегӯяд, интизор меравад, рӯзи 31-уми октябри соли равон сокини 7-миллиардуми сайёра ба дунё биёяд.{jathumbnail off}