Нақшаи даъвати наваскарон 89% иҷро гардид
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти як моҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш 89 дарсад иҷро шудааст.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 2-юми май ба “Озодагон” гуфт, “то имрӯз аксарияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш додаанд.”
Ба гуфтаи мусоҳиби мо дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд ба 85 дарсад, вилояти Хатлон 94, Бадахшон 98 ва навоҳии тобеи марказ 86 ва дар чаҳор ноҳияи пойтахт ба 88 дарсад расидааст.
Ёдовар мешавем, ки ба хидмат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд. Даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома хоҳад кард.