Манъи омӯзиши мазҳабии то ҳаждаҳсолаҳо дар хориҷ аз кишвар
Қирғизистон омӯзиши диниро дар хориҷ аз кишвар барои ҷавонони синнашон аз 18 поин манъ мекунад.
Расонаҳои хабарӣ аз қавли Канунбек Усмоналиев, раиси кумитаи парлумони Қирғизистон оид ба умури омӯзиш, илму фарҳанг ва варзиш, иттилоъ додаанд, ки ба зудӣ парлумони Қирғизистон қонунеро дар мавриди манъи омӯзиши динии ҷавонони то 18-сола дар хориҷ аз кишвар ба тасвиб мерасонад.
Ба гуфтаи Усмоналиев, баъд аз ба тасвиб расидани қонуни мазкур, ҷавонони қирғиз танҳо пас аз хатми таҳсилоти миёна метавонанд дар хориҷ аз кишвар таълимоти динӣ гиранд.
Табилдӣ Урозалиев, муовини раҳбари ниҳоди давлатии Қирғизистон оид ба умури динӣ, низ аз ин тарҳ ҷонибдорӣ намуда, гуфтааст, наврасон аввал бояд забону таърихи миллати хешро хуб омӯзанд, агар фурсате боқӣ монад, пас метавонанд барои омӯзиши динӣ ба хориҷ аз кишвар раванд.
Дар Тоҷикистон низ ҷавонон барои таҳсили динӣ дар хориҷа аз мақомоти зирабти ин кишвар, аз ҷумла Кумитаи дин ва Вазорати маориф санади махсус дарёфт мекунанд. Дар ғайри сурат, ин таҳсили онҳо ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, онҳо ба ватан бозпас оварда мешаванд.