ВКД: Ҳукуматҳои маҳаллӣ фармони раисиҷумҳурро иҷро намекунанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз ҳукуматҳои маҳаллии кишвар фармони раисиҷумҳурро дар бораи беҳтар намудани шароити кори нозирони минтақавӣ сарфи назар мекунанд.
Ин ниҳоди қудратӣ дар қатори саркашҳо, ҳукуматҳои маҳаллии шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ном бурдааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки аз интишори фармони раисиҷумҳур дар бораи беҳтар кардани шароити кору фаъолияти нозирони минтақавӣ моҳҳо гузаштанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ нозирони минтақавӣ ҳоло ҳам дар вагон хизматро ба ҷой оварда, дар шаҳрҳои Турсунзодаву Ваҳдат ва ноҳияҳои Ҳисор ҳуҷраҳои кории нозирони минтақавӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд.
Ин ниҳод хотиррасон мекунад, ки таърихи 30 июни соли 2012 фармони президент дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии ба тавсиб расид, ки ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳоро водор месозад, ки бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба шароити хизматрасонии нозирони минтақавӣ ҳуҷраҳои кории онҳоро таъмир ва бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин намоянд.