Иброҳим Усмонов: Радиои Озодӣ бояд Қаюмзодро бо кор таъмин намояд
Проефессор Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди "Муколамаи Тамаддунҳо", мегӯяд, Радиои Озодӣ бояд, Абдуқаюми Қаюмзодро бо кор таъмин намояд.
Иброҳим Усмонов дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, «агар Абдуқаюми Қаюмзод ба ҳайси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон натавониста, ки сабти ном шавад, вазифаи Радиои Озодист, ки ӯро ба идораи марказиаш даъват намуда, ба кор таъмин намояд».
Ба андешаи ин донишманди тоҷик, Радиои Озодӣ танҳо дар сурате метавонад, шартномаи худро бо кормандаш қатъ намояд, ки он нафар аз уҳдаи вазифаи худ набарояд. «Агар Қаюмзод ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ вазифаи худро дар Тоҷикистон иҷро накарда бошад, пас, бояд расман бигӯянд, ки натавонистӣ масъулияти ба дӯш доштаатро иҷро созӣ ва аз ин рӯ, аз кор барканор шудӣ. Агар иҷро карда тавониста бошаду бо кадом як сабаб аккредитатсия нашуда аст, пас, ӯро мебоист ба ҷои дигар барои кор мефиристоданд.»
Ахиран, шаш созмони хабарнигории Тоҷикистон ва як ҳизби сиёсӣ Радиои Озодиро таҳрим карданд. Иброҳим Усмонов мегӯяд, агар ин таҳримҳо асос дошта бошад, бе таъсир нахоҳад буд. «Агар ман хабарнигори Радиои Озодӣ бошам ва бо гуноҳи радио аз кор ронда шавам ё дар талошҳои кориям радио дастгирӣ накунад, дар ин сурат ҳамкасбонам маро дастгирӣ кунанд, инро иқдоми дуруст меҳисобам»,-афзуд донишманди тоҷик.